Ноябр 25, 2022 21:12 Asia/Dushanbe
  • Рӯзномаи \
    Рӯзномаи \"Дейли Мейл\"

Нашрияи “Дейли Мейл” бурди тими Эрон баробари Уэлс дар Ҷоми ҷаҳонии 2022 -ро сазоворона донист.

Тими миллии футболи Эрон бо бартарии ду бар сифр баробари Уэлс 3 имтиёзӣ шуд ва умедвор ба роҳёбӣ ба даври баъдӣ монд.

“Дейлӣ Мейл” навишт: “Эрон дар дуюмин ҷидоли худ дар Ҷоми ҷаҳонии 2022 комилан шоистаи касби бурд буду бозии бартаре нисбат ба Уэлс ба намоиш гузошт.

Нуқтаи атфи ин дидор замоне буд, ки дарвозабони Уэлс рӯйи Меҳдии Торемӣ хато кард, ки ибтидо довар корти зард дод ва баъд аз бозбинии тасовир корти сурх нишон дод ва ин дарвозабонро аз замини бозӣ ихроҷ кард.

Рӯзбеҳи Чашмӣ ва Ромини Ризоиён тавонистанд ду голи зебо дар вақтҳои изофа ба самар бирасонанд ва Эронро ба чизе ки ҳаққаш буд, бирасонанд.

 

Барчасп