Декабр 04, 2022 10:04 Asia/Dushanbe
  • Голи Рузбаи Чашмӣ дар миёни голҳои боварнакардании Ҷоми Ҷаҳонӣ
    Голи Рузбаи Чашмӣ дар миёни голҳои боварнакардании Ҷоми Ҷаҳонӣ

Голи милипуши тими миллии футболи Эрон дар миёни голҳои боварнакардании Ҷоми Ҷаҳонии 2022 Қатар қарор гирифт.

Пас аз поёни марҳалаи гуруҳии Ҷоми Ҷаҳонии 2022 Қатар саифаи расмии Ҷоми Ҷаҳонӣ пустери ба унвонип чанд қоб аз голҳои боварнакардании Ҷоми Ҷаҳониро мунташир кард.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон дар миёни ин голҳо тасвири голи Рузба Чашмӣ ба тими миллии Велз низ дида мешавад.

Бозикуни тими миллии Эрон дар ҳаштумин дақиқа аз вақтҳои талафшуда аз пушти муҳаватаи ҷарима дарвозаи Велзро боз кард то эрониҳо се имтиёзи ин дидорро аз они худ кунанд.

Дар миёни голзанони осиёӣ ин пустер голи Солим Алдусори милипуши арабистонӣ ба Аргентина ва голи Гуе Сунгчу милипуши Кореяи Ҷануби ба Ғано дида мешавад.

Тими миллии футболи Эрон дар Ҷоми Ҷаҳонии 2022 Қатар бо Англис, Венлз ва Амрико ҳамгуруҳ буд.

 

Барчасп