Декабр 09, 2022 17:52 Asia/Dushanbe
  • Эрон ва ҳамкориҳояш бо Ожонси атомӣ
    Эрон ва ҳамкориҳояш бо Ожонси атомӣ

Раиси Созмони энержии атомии Эрон бо ишора ба Қатъномаи Шурои ҳукком дар хусуси ҳамкорӣ накардани Теҳрон бо Ожонси байналмилалии энержии атомӣ, бар инҳироф надоштани фаъолиятҳои ҳастаии Ҷумҳурии исломӣ аз завобити ожонси атомӣ таъкид кард.

Шурои ҳуккоми Ожонси байналмилалии энержии атомӣ 22 ноябр дар нишасти фаслии худ таҳти фишори шадиди сиёсии кишварҳои Амрико, Англия, Фаронса ва Олмон қатъномае зидди фаъолиятҳои сулҳомези ҳастаии Эрон ба тасвиб расонд.

Ин сеюмин қатъномаи Шурои ҳуккоми Ожонси байналмилалии энержии атомӣ зидди Эрон пас аз иҷрои БарҶом ва баста шудани парвандаи масоили иддаоии подмонӣ аст, ки бо фишори режими саҳюнистӣ дар Шурои ҳуккоми Ожонси байналмилалии энержии атомӣ содир мешавад.

19 июни 2020 ва ҳаштуми июни 2022 ҳам қатъномаи мушобеҳе тавассути се кишвари аврупоии узви БарҶом ва ҳимояти Амрико пешниҳод ва тасвиб шуда буд, аммо қатъномаи сеюм нисбат ба ду қатъномаи қаблӣ лаҳни таъкиду тундтаре зидди Эрону ҳамкориҳояш бо Ожонси байналмилалии энержии атомӣ дошт.

Ба гузориши Хабаргузории садо ва симо, Муҳаммади Исломӣ, раиси Созмони энержии атомӣ гуфт, назорати ожонс дар ҳамаи сайтҳои Эрон бар асоси завобити байналмилалӣ барқарор аст ва худи ожонс низ 16 бор дар гузоришҳои расмӣ таъкид ва таъйид кардааст, ки инҳирофе дар фаъолиятҳои ҳастаии Ҷумҳурии исломии Эрон мушоҳида накардааст.

 

Барчасп