Раисӣ: Пешрафти Эронро мутаваққиф намекунем
Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон бо таъкид бар инки ба ҳеҷ унвон пешрафти кишварро мутаваққиф нахоҳем кард гуфт, ин масъалае, ки душманон эҷод кардаанд бо муқовимати мардум ва ноком гузоштани душман дар саросари кишвар мувоҷеҳ шудааст.
Саидиброҳими Раисӣ, раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон рӯзи панҷшанбе дар аввалин мақсади даври дувуми сафарҳои устонии давлат дар замони вуруд ба фурудгоҳи байналмилалии шаҳид Коваи Бирҷанд дар ҷамъи хабарнигорон афзуд, созандагӣ ва пешрафти Эрон пеш хоҳад рафт ва ҳеҷ гоҳ дучори вақфа нахоҳад шуд.
Раисӣ ҳамчунин бо баёни инки устони Хуросони Ҷанубии Эрон маърӯф ба устони илм ва фарҳанг аст, тасреҳ кард, зарфиятҳои устони Хуросони Ҷанубии Эрон ҳамвора мавриди таваҷҷӯҳи давлат будааст.
Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон ба ҳамроҳи шуморе аз аъзои ҳайати давлат дар нахустин сафари даври дувуми сафарҳои устонии давлат субҳи панҷшанбе вориди Бирҷанд шуд.