Декабр 22, 2022 19:17 Asia/Dushanbe
  • Ҷавони эронӣ рекорди сареътарин муштзании Гиннесро шикаст

Ҷавони эронӣ тавонист рекорди сареътарин муштзании Гиннесро ҷобаҷо ва ин унвонро ба номи худ сабт кунад.

Меҳрони Ниёзӣ, варзишкори эронӣ шомгоҳи чаҳоршанбе дар Санандаҷ, маркази устони Курдистон (ғарби Эрон), бо сабти 414 зарбаи мушти мустақим дар 60 сония, рекорди Гинессро ҷобаҷо кард.

Соли гузашта Юсуфи Имонӣ дигари муштзани эронӣ дар Бурҷи Мелоди Теҳрон тавонист бо 403 зарбаи мушти мустақим таҳти назорати доварони Кумитаи сабти рекорди ҳайати варзишҳои ҳамагонии устони Теҳрон, номи худро дар китоби рекордҳои ҷаҳонии Гиннес ба сабт бирсонад.

Пештар низ варзишкори Словакия бо 334 мушти мустақим номи худро дар ҷаҳон матраҳ карда буд.

Рекордҳои ҷаҳонии Гиннес (Guinness World Records) ё Китоби рекордҳои ҷаҳонӣ, китобе марҷаъ ва дорои маҷмӯае аз рекордҳои байналмилалист.

 

Барчасп