Декабр 27, 2022 14:43 Asia/Dushanbe
  • Футболисти эронӣ дар ҷамъи 5 бозикуни бартари соли 2022 Аврупо
    Футболисти эронӣ дар ҷамъи 5 бозикуни бартари соли 2022 Аврупо

Маҳдии Торимӣ футболисти эронӣ бо дурахшиш дар соли 2022 тавонист дар ҷамъи 5 бозикуни муассири футболи аврупо қарор гирад.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон соли 2022 дар ҳоли поёни аст ва оморҳо нишон медиҳад, ки Маҳдии Торимӣ футболисти эронӣ бозҳам дар футболи Аврупо дурахшон зоҳир шуда аст.

Рузи гузашта нашрияи Рекорди Партугалия гузориш дод, ки ситораи эронӣ соли фаромушнашуданиро сипари кард ва аз у тамҷид кард.

Торимӣ барои севумин бори пай дар пай тавонист дар ҷамъи 5 бозикуни бартари Аврупо қарор гирад бозикуноне, ки бештарин гол зда ва поси голро дар як сол ба сабт расонданд.

Бар асоси омор: Килиан Мбаппе, Месси, Роберт Левандовски, Кристофер ва Торимӣ дар ҷамъи муассиртарин бозикунони соли 2022 шинохта шуданд.

Торимӣ фасли гузашта дар лиги Партугалия пас аз Дарвин Нуниес дувумин голзани бартари ин рақобат ном гирифт.

Барчасп