Раҳбари муаззами инқилоб: Ғарби мутаҷаддид дар ҳаққи ҳайсияту каромати зан ҷиноят кардааст
Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ мавзеи ҷумҳурии исломӣ дар қиболи муддаиёни риёкори ғарбӣ дар баҳси занро мутолибагарӣ ва ҳуҷум унвон карданду гуфтанд: Ғарби мутаҷаддиду фарҳанги мунҳатии ғарбӣ дар ин замина воқеан муқассир аст ва дар ҳаққи ҳайсияту каромати зан ҷиноят кардааст.
Ба гузориши пойгоҳи иттилоърасонии дафтари мақоми муаззами раҳбарӣ, ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ имрӯз (чаҳоршанбе) дар дидори садҳо тан аз занони фарҳехтаву фаъол дар арсаҳои фарҳангӣ, иҷтимоиву илмӣ, арсаи кор ва нигоҳи лаззатҷӯёна ба занро ду сӯиистифодаи асосии Ғарб аз зан донистанду гуфтанд: Ҳадафи аслии матраҳ шудани масъалаи озодии занон дар Ғарб, кашондани онҳо аз хона ба корхона буд то аз занон ба унвони неруи кори арзон истифода шавад.
Раҳбари муаззами инқилоб бо ишора ба омору воқеиёте, ки ҳатто марокизи расмии кишварҳои ғарбӣ эълом мекунанд, иддаои Ғарб дар бораи дифоъ аз ҳуқуқи занонро ниҳояти вақоҳат номиданду афзуданд: Озодии иддаоии низоми сармоядорӣ айни асорату иҳонат ба зан асту инсон шарм мекунад аз бархе моҷароҳо дар Ғарб ҳатто ном бибарад.
Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ вазъияти хонавода дар Ғарбро муталошӣ хонданду тасреҳ карданд, ин хатар садои эътирози мутаффакирони хайрхоҳу муслеҳи ғарбиро низ баланд кардааст, аммо сарозерии фурӯпошии тадриҷии хонавода дар Ғарб ба қадре тунд аст, ки имкони таваққуф ё ислоҳи он вуҷуд надорад.
Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ ҳамчунин бо ишора ба талошҳои фаровон дар қазоёи ахир алайҳи ҳиҷоб хотирнишон карданд: Чӣ касе дар муқобили ин талошҳо ва фарохонҳо истодагӣ кард? Худи занҳо буданд, ки истоданд, он ҳам дар ҳоле ки бадхоҳон умедашон ба ҳамин занҳои истилоҳан бадҳиҷоб буд то кашфи ҳиҷоб кунанд, аммо занон ин корро накарданд ва дар даҳони таблиғкунандаҳо ва фиристандагони фарохон заданд.
Раҳбари муаззами инқилоб бо баёни ин ки ҳиҷоб бетардид як зарурати шаръиву хадшанопазир аст, афзуданд: Ин зарурати хадшанопазир набояд муҷиб шавад касоне ки ба сурати комил ҳиҷобро риоят намекунанд, ба бединӣ ё зиддиинқилобӣ муттаҳам шаванд.
Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ хадамоти ҷумҳурии исломӣ ба занонро баҳси муҳиму фаромӯшнашуданӣ донистанду тасреҳ карданд: Пеш аз инқилоб занони фарзона, донишманду аҳли таҳқиқ ангуштшумор буданд, аммо инқилоб муҷиби рӯиши анбӯҳи занони фарҳехта шуд, ба наҳве ки донишҷӯёни духтар аз писар дар бархе солҳо пешӣ гирифтаву теъдоди бисёр зиёде аз занон дар шохаҳои мухталифи илму фанноварӣ машғули кор ҳастанд.