Иҷрои ҳукми эъдоми 2 нафар аз маҳкумони шаҳодати Рӯҳуллоҳ Аҷамиён
Маркази расонаи қувваи қазоияи Эрон аз иҷрои ҳукми эъдоми ду нафар аз маҳкумони шаҳодати Рӯҳуллоҳ Аҷамиён- яке аз ҳофизони амнияти Эрон хабар дод.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Маркази расонаи қувваи қазоияи Эрон дар гузорише эълом кард ، Муҳаммадмаҳдии Карамӣ ва Сайид Муҳаммади Ҳусайнӣ, авомили аслии ҷинояте, ки ба шаҳодати мазлӯмонаи Рӯҳуллоҳ Аҷамиён, яке аз ҳофизони амнияти Эрон мунҷар шуд ، субҳи имрӯз ( шанбе ) ба дори муҷозот овехта шуданд .
Сеюм ноябр буд, ки теъдоде аз иғтишошгарон дар атрофи оромистони Биҳишти Сакина ва Камолшаҳри Караҷ ба баҳонаи ширкат дар маросими чиҳилуми яке аз ҷонбохтагони иғтишошот бо эҷоди нооромӣ ва рехтани сангу чӯб ва пасмондаҳои сохтмонӣ, иқдом ба бастани озодроҳи Караҷ – Қазвин ва ихтилол дар убӯру мурӯри худравҳо, тахриби амволи умумӣ ва хусӯсӣ ва зарбу лати маъмурон карданд .
Шаҳид Аҷамиён бидуни ҳеҷ силоҳе ба ҳамроҳи теъдоде аз мардум, ки ба сабаби баста шудани озодроҳ дармонда монда буданд дар ҳоли кумак ҷиҳати рафъи бастагии роҳ буд ва дар ин ҳин ба сирфи инки либоси басиҷӣ бар тан дошт, мавриди ҳамлаи иғтишошгарон қарор мегирад ва теъдоде аз онҳо бо сангдилӣ ва бераҳмӣ вайро ба шаҳодат мерасонанд .