Эрон - рутбаи нахусти минтақа ва 15 -и ҷаҳон дар тавлиди илм
Муовини вазири беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон гуфт, Эрон дар тавлиди илм дар минтақа аввал ва дар дунё рутбаи 15-ро дорад.
Юнус Паноҳӣ, муовини таҳқиқоту фанноварии Вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон бо муҳим донистани тавлиди илм дар кишвар афзуд, Эрони исломӣ дар ҳавзаи тавлиди илм дар солҳои ахир тавонистааст дар ҷаҳон ҳарфҳои зиёде барои гуфтан дошта бошад ва ин раванд бояд идома дошта бошад.
Паноҳӣ бо ишора ба ин ки мизони маргу мири ношӣ аз бемории Ковид - 19 дар Эрон якрақамӣ шудааст, изҳор дошт, Эрон дар муқобили кишварҳои муддаӣ, аз ҷумла Амрикову Фаронса дар маҳори бемории Ковид - 19 муваффақ амал кард.
Ҷумҳурии исломии Эрон пас аз пирӯзии инқилоби исломӣ пешрафтҳои чашмгиреро дар ҳавзаҳои мухталиф, аз ҷумла илмӣ касб кардааст.
Пешрафтҳои илмӣ ва технологӣ Эронро дар минтақаи Ғарби Осиё саромад кардааст ва дар ҷаҳон низ кишварҳои султагари ғарбӣ ба ин бовар расидаанд, ки бо вуҷуди ҳамаи таҳримҳову душманиҳо, Эрон масири пешрафтро ба суръат тай мекунад.
2 дарсади илми ҷаҳон дар Эрон тавлид мешавад.