Декабр 14, 2016 20:15 Asia/Dushanbe
  • Раҳбари инқилоби исломӣ: Фаластин ба баракати муқовимат, озод хоҳад шуд

Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ таъкид карданд, бо вуҷуди буҳронофаринии мустамари ҳомиёни режими саҳюнистӣ барои ба фаромӯшӣ супурда шудани масъалаи Фаластин, ин сарзамини шариф ба баракати муқовимат ва муҷоҳидати миллат ва гурӯҳҳои фаластинӣ, озод хоҳад шуд.

Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ рӯзи чаҳоршанбе дар дидори Рамазон Абдуллоҳ - дабири кулли Ҷунбиши ҷиҳоди исломии Фаластин ва ҳайати ҳамроҳ, гуфтанд: Танҳо роҳи наҷоти Қудси Шариф, мубориза ва муқовимат аст ва дигар роҳҳо бесаранҷом аст.

Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ афзуданд: Режими саҳюнистӣ ҳамчунон ки қаблан гуфтаем, ба шарти муборизаи ҳамагонӣ ва муттаҳиди фаластиниҳо ва мусулмонон бо саҳюнистҳо дар 25 соли оянда вуҷуди хориҷӣ нахоҳад дошт.

Раҳбари муаззами инқилоб омили аслии мушкилоти фаровони минтақаро «мустакбири аъзам ва шайтони акбар», яъне Амрико хонданд ва бо ишора ба дахолати шайтонҳои кучаки минтақа дар шаклгирии буҳронҳои феълӣ, афзуданд: Ҳадафи ҳамаи онҳо ин аст, ки масъалаи Фаластин дар афкори умумии минтақа камранг шавад ва аз ёди миллатҳо биравад.

Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ афзуданд: Ҷумҳурии исломӣ ҳамвора ва ба таври сареҳ эълом кардааст, Фаластин масъалаи аввали дунёи ислом аст ва ба таколифи худ дар ин замина амал мекунад.

Эшон бо ибрози хурсандӣ аз тарҳи 10-моддаии Ҷунбиши ҷиҳоди исломии Фаластин барои ваҳдат ва муқовимат дар муқобили саҳиюнистҳо гуфтанд: Таъкид бар мубориза, нафйи комили қарордодҳои созиш, исрор бар иттиҳоди гурӯҳҳои фаластинӣ ва маҳкум кардани талоши баъзе кишварҳои муртаҷеъ барои созиш бо душман, аз мафоди муҳими ин тарҳ аст.

Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ ҳамчунин афзуданд: Яке аз муҳимтарин масоили минтақа, муқобилаи ҳамагонӣ бо гурӯҳҳои такфирии назири ДИИШ, ҷабҳаи ан-Нусра ва дигар гурӯҳҳо аст, чаро ки дар ғайри ин сурат ба иллати буҳронофаринии мустамари такфириҳо, масъалаи Фаластин дар ҳошия хоҳад монд.

 

Барчасп