Рӯнамои аз кашандаи фавқи сангини нерӯҳои заминии аритиши Эрон дар ояндаи наздик
(last modified Thu, 02 Feb 2023 05:10:42 GMT )
Феврал 02, 2023 10:10 Asia/Dushanbe
  • Рӯнамои аз кашандаи фавқи сангини нерӯҳои заминии аритиши Эрон дар ояндаи наздик
    Рӯнамои аз кашандаи фавқи сангини нерӯҳои заминии аритиши Эрон дар ояндаи наздик

Ҷонишини фармондеҳи нерӯи заминии артиши Эрон бо ишра ба рушди солонаи ками ва кайфии тавлидот дар ҳавзаи омодагии размӣ гуфт, кашандаи фавқи сангини нерӯҳои заминии аритиши Эрон тавлид шудааст, ва дар ояндаи наздҳик рӯнамоӣ мешавад.

Ба гузориши Садои Хуросон,  Сатип Неъмати ҷонишини фармондеҳи нерӯи заминии аритиши Эрон тасреҳ кард, идомаи раванди рӯ ба пешрафти санъати дифоъи Эрон, мусталзими фаннофарӣ, дониш ва имконоти зиёд аст то беш аз пеш дониш ва  идеа табдил ба маҳсул шавад.

Сартип Неъматӣ афзӯд: Пуштивонаи амният ва қудрати имрӯзаи Эрон, идеа пардозҳо ва тавлидоти дохилии маҷмуи нерӯҳои мусаллаҳ ва ҳамчунин истифода аз дониши  донишмандони дохили кишвар аст.

Ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ дар 31-уми август дар ҷамъи вазир, масъулон, муҳақиқон ва мутахасисони Вазорати дифоъи Эрон, афзоиши тавони дифоъӣ ва таҳоҷумиро ҳаққи мусалами Ҷумҳурии Исломии Эрон донистанд.

Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ таъкид карданд: Дар ҷаҳоне, ки қудратҳои зургӯ, салтагар ва дороӣ камтарин  ҷувҳараи ахлоқ, виҷдон ва инсоният ҳоким ҳастанд ва аз таҷовуз ба кишварҳо ва кӯштори инсонҳои бе гӯноҳ ҳеҷ ибое надоранд, тавсиаи санъатии дифоъӣ ва таҳоҷуми комилан табиӣ аст. Зеро ин қудратҳо то иқтидори Эронро эҳсос накунанд, амният таъмин нахоҳад шуд.

Бештар бихонед: