Гуфтугӯҳои телефонии Зариф бо ҳамтоёнаш дар бораи Ҳалаб
Вазири умури хориҷии Эрон дар гуфтугӯҳои телефонӣ бо ҳамтоёни рус, суряӣ ва турки худ дар бораи охирин таҳаввулоти Сурия бо онон табодули назар кард.
Муҳаммадҷаводи Зариф шомгоҳи чаҳоршанбе дар гуфтугӯи телефонӣ бо Сергей Лавров, ҳамтои рус худ охирин таҳаввулоти Сурия, оташбас дар ин кишвар ва низ бадаҳдҳои Амрико дар раванди иҷрои Барномаи ҷомеи иқдоми муштаракро баррасӣ кард. Зариф ҳамчунин бо Валид Муаллим, вазири умури хориҷии Сурия дар бораи охирин вазъияти Ҳалаб, хурӯҷи амни ғайринизомиёни суряӣ аз манотиқи даргирӣ ва зарурати кӯмакрасонӣ ба мардуми ин минтақа телефонӣ гуфтугӯ кард. Дар ин гуфтугӯ вазири умури хориҷии Сурия ҳам бо шарҳ додани охирин вазъияти Ҳалаб ва соири манотиқи даргирӣ таъкид кард, ки Ҳукумати Сурия ба хурӯҷи амни ғайрнизомиён ва имдодрасонӣ ба мардум дар ҳама манотиқи Ҳалаб мутааҳҳид аст. Зариф дар бораи авзои Ҳалаб бо Мавлуд Човушуғлу, вазири умури хориҷии Туркия низ гуфтугӯ кард.
Шаҳри Ҳалаб дар шимоли Сурия шаби сешанбе, пас аз панҷ соли даргирӣ ва ишғолгарии террористҳо ба таври комил озод шуд.