Канъонӣ: Пуёи дипломотик дар музокироти рафъи таҳримҳо вуҷуд дорад
(last modified Mon, 06 Feb 2023 14:32:45 GMT )
Феврал 06, 2023 19:32 Asia/Dushanbe
  • Канъонӣ: Пуёи дипломотик дар музокироти рафъи таҳримҳо вуҷуд дорад
    Канъонӣ: Пуёи дипломотик дар музокироти рафъи таҳримҳо вуҷуд дорад

Сухангуи Вазорати умури хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон таъкид кард: Пуёи дипломотик дар заминаи музокироти рафъи таҳримҳо аз тариқи маҷории мухталиф вуҷуд дорад ва паёмҳо дар сутуҳи мухталиф дар ин замина дар ҳоли мубодила аст.

Носири Канъонӣ, сухангуи Вазорати умури хориҷа имруз душанбе дар нишасти хабари гуфт: Эрон ҳамвора ҷузи кишварҳои дорои ҳамкории наздик ва мустамар бо ожонси байналмилалии энержи атомӣ буд ва дар чаҳорчуби фании гуфтугуҳо ва иртиботот идома пайдо хоҳад кард.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Канъонӣ дар бораи ҳодисаи сафорати Ҷумҳурии Озарбойҷон дар Теҳрон низ гуфт: Ҷумҳурии Исломии Эрон ба сурати расми маротиби таслияти худро дар бораи ин ҳодисаи талх ба давлат ва миллати Ҷумҳурии Озарбойҷон ва хонаводаҳои дипломатҳои аз дастрафта дар ин ҳодиса иблоғ кард ва вуқуи ин ҳодисаро маҳкум карда аст.

Сухангуи Вазорати умури хориҷа афзуд: Ҷумҳурии Исломии Эрон мубтани бар вазифаи худ дар ин робита дар ибтидои ҳодиса билофосила вуруд кард ва иқдомоти лозимро анҷом дод, муҷрим боздошт шуд ва мавриди бозҷуӣ ва таҳқиқоти интизоми ва полис ва қазоӣ қарор гирифт таҳқиқот ва изҳороти муҷрим нишон медиҳад, ки ин кор шахси ва бо ангезаҳои шахси ва хонаводаги буда аст.

Сухангуи Вазорати умури хориҷа дар бораи мавзуъи Украина ва иддаоҳои ин кишвар дар бораи паҳподҳои эронӣ низ гуфт: Ин мавзуъ нишондиҳандаи нифоқ ва сиёсати дугона дар иртибот бо қазияҳои муҳими байналмилали аз ҷумла мавзуъи Украина аст.