Афзоиши вуруди ҳайатҳои тиҷорӣ ба Эрон
(last modified Tue, 21 Feb 2023 05:43:30 GMT )
Феврал 21, 2023 10:43 Asia/Dushanbe
  • Афзоиши вуруди ҳайатҳои тиҷорӣ ба Эрон

Вазири санъат, маъдан ва тиҷорати Эрон бо ишора ба афзоиши вуруди ҳайатҳои тиҷорӣ ба Эрон гуфт: Дар ёздаҳ моҳи гузашта 60 ҳайати тиҷории африқоӣ ва 30 ҳайат аз Русия ба Эрон омадаанд.

Давлати сездаҳуми Эрон аз замони оғоз ба кор дар сеюми августи 2021 бо эъломи барқарории тавозун дар сиёсати хориҷӣ, густариши ҳамкорӣ бо ҳамсоягон ва кишварҳои минтақаро дар авлавияти барномаҳои хориҷиаш қарор додааст .
Сиёсати минтақагароӣ, нигоҳ ба Шарқ, мушорикат дар созмонҳо ва ниҳодҳои минтақаӣ ва фароминтақаӣ назири паймони Шанхай ва Созмони ҳамкории иқтисодии ЭКО аз ҷумлаи намунаҳои мутавозинсозии сиёсати хориҷии Эрон аст, ки аз сӯи давлати сездаҳум дунбол мешавад .
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Сайидризо Фотимии Амин-вазири санъат, маъдан ва тиҷорати Эрон изҳор кард: Эрон дар ёздаҳи моҳи гузашта 12 бор бо Иттиҳодияи иқтисодии Авруосиё музокира кард, зеро кишварҳои узви ин иттиҳодия дар маҷмӯъ 180 миллион нафар ҷамъият ва 700 миллиард доллар мубодилоти хориҷӣ доранд, ки бозори муносибе барои Эрон аст .
Фотимии Амин ҳамчунин дар хусӯси вазъияти Эрон дар тиҷорат бо кишварҳои ҳамсоя гуфт: Аз 21 марти 2022 то 20 январи 2023 содироти Эрон ба Ироқ 23 дарсад, ба Туркия 46 дарсад, ба Уммон 63 дарсад, ба Русия 23 дарсад ва ба кишварҳои африқоӣ беш аз 20 дарсад рушд дошта, ки нишондиҳандаи ҳаракати Эрон дар бахши содирот аст .
Вазири санъат, маъдан ва тиҷорати Эрон бо баёни инки Ҷумҳурии исломӣ таҳримҳоро шикаст додааст тасреҳ кард: Ба ҳар тариқе интиқоли пул бо таҳотур ва равишҳои дигар анҷом мешавад .