Рӯнамоии сомонаи шабеҳи сози " F14 " дар неруи ҳавоии артиши Эрон
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i99352-Рӯнамоии_сомонаи_шабеҳи_сози_f14_дар_неруи_ҳавоии_артиши_Эрон
Сомонаи шабеҳсози эронии ҷангандаи " F14 " бо ҳузури фармондеҳи неруи ҳавоии артиши Ҷумҳурии исломии Эрон дар Исфаҳон ( маркази Эрон ) рӯнамоӣ шуд .
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Март 07, 2023 12:06 Asia/Dushanbe

Сомонаи шабеҳсози эронии ҷангандаи " F14 " бо ҳузури фармондеҳи неруи ҳавоии артиши Ҷумҳурии исломии Эрон дар Исфаҳон ( маркази Эрон ) рӯнамоӣ шуд .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, маросими рӯнамоӣ аз шабеҳсози парвози ҷангандаи " F14 " рӯзи сешанбе бо ҳузури амири халабон Ҳамиди Воҳидӣ-фармондеҳи неруи ҳавоии артиши Ҷумҳурии исломии Эрон, халабонони бартари эронӣ ва хабарнигорон дар пойгоҳи шаҳид Бобоии Исфаҳон баргузор шуд.
Ҳамиди Воҳидӣ дар ин маросим гуфт: Сомонаи шабеҳсози ҳавопаймои роҳбурдии " F14 " ба дасти мутахассисони ҷиҳоди худкифоии неруи ҳавоии артиш тарроҳӣ ва сохта шуда ва яке аз ифтихорҳои неруи ҳавоии артиши Эрон аст.
Ҳавопаймои " F14 " яке аз печидатарину пешрафтатарин ҷангандаҳои таърихи ҳавонавардии ҷаҳон буда ва фанновариҳои пешрафта дар сохти он ба кор рафтаву шабеҳсозии он ҳам аз шабеҳсозҳои печидаи ҷаҳон аст .