Март 07, 2023 18:48 Asia/Dushanbe
  • Таҳлил: Таъкиди Раҳбари муаззами инқилоб бар муҷозоти омилони масмумияти донишомӯзон

Раҳбари муаззами Инқилоби Исломӣ мавзӯи масмумияти донишомӯзонро як ҷинояти бузург ва ғайриқобили иғмоз донистанд ва гуфтанд: Агар касоне дар ин моҷаро даст дошта бошанд, бояд авомил ва мусаббибини он ба ашадди муҷозот бирасанд.

Ҳазрати оятуллоҳи Хоманаӣ рӯзи душанбе ин мавзӯро ҷиноят дар ҳаққи маъсумтарин афроди ҷомеа, яъне кӯдакон ва ҳамчунин мӯҷиби ноамнии равонии ҷомеа ва нигаронии хонаводаҳо донистанд ва таъкид карданд: Масъулон ва дастгоҳҳои иттилоотӣ ва интизомӣ бояд бо ҷидият онро думбол кунанд.

Дар ҳоли ҳозир мавзӯи масмумияти донишомӯзон дар мадориси Эрон аз муҳиммтарин масоиле аст, ки ин рӯзҳо азҳони ҷомеаро машғул ва афкори умумиро нигарон кардааст.

Нахустин ҳодиса ибтидои озармоҳ дар яке аз мадориси шаҳри Қум иттифоқ афтод ва пас аз он гузоришҳои мабни бар бурузи масмумияти дар теъдоде аз донишомӯзон дар дигар мадориси ин шаҳр ва шаҳрҳои дигари Эрон мунташир шуд. Албатта ин донишомӯзони билофосила ба марокизи дармонӣ мунтақил ва бештари онҳо ба сурати сарпоӣ таҳти дармон қарор гирифтанд. Теъдоди андаке аз ин донишомӯзон низ, ки ниёз ба бистарӣ доштанд дар камтар аз 48 соат беҳбуд ёфта ва мураххас шуданд.

Бо таваҷҷӯҳ ба инки ҳифзи амният ва саломати мардум аз аввлавиятҳои низоми Ҷумҳурии Исломии Эрон аст, лизо аз ҳамон лаҳзоти нахусти ин ҳаводис, дастгоҳои иттилоотӣ ва амниятии кишвар таҳқиқоти густурдаи худро барои кашфи абъоди ин моҷаро ва шиносоии авомили муассир дар ин ҳаводис оғоз карданд, ки ҳамакнун низ идома дорад. Бо вуҷуди ин, аз ибтидои ин моҷаро, душманон саъй кардаанд бо иддаоҳои беасос ва ҷанги равонӣ, ҳам дастгоҳои иттилоотӣ ва амниятии Эронро нотавон дар ҷилавгирӣ аз бурузи ин ҳаводис нишон диҳанд ва ҳам мӯҷиби ҳарос дар ҷомеа шаванд.

Ин дар ҳоле аст, ки собиқаи амалкарди Ҷумҳурии Исломии Эрон дар хусуси ҳаводис ва мавзуоте, ки ба саломати мардум марбут мешавад, ба хубӣ нишон медиҳад, ки оромиш ва таъмини осоиши мардум, аз ҷумла донишомӯзон, мавриди таваҷҷуҳи ҷиддии масъулон ва дастгоҳҳои зирабт аст. Ба унвони мисол, дар авохири сол 1398, ки хабари вуруди вируси корона ба Эрон таъйид шуд, мавҷе аз изтироб ва нигаронӣ дар ҷомеа густариш пайдо кард ва расонаҳои маонид низ ба ин нигарониҳо доман заданд, аммо бо ин ҳол ҳамаи созмонҳо ва ниҳодҳои давлатӣ ва ғайри давлатӣ дар Эрон вориди майдони муқобила бо ин беморӣ шуданд; Дар соли 1400  донишмандони эронӣ тавонистанд бо кашфи воксани карона қадаме бузург дар ростои муқобила бо ин беморӣ бардоранд ва акнун шумори маргу мири ношӣ аз карона дар Эрон якрақамӣ ва дар бархе рӯзҳо сифр аст.

Акнун низ бовуҷуди сиёҳнамоиҳо дар бораи масмумияти донишомӯзон дар Эрон, ин мавзӯъ бо ҷидият дар ҳоли пайгирӣ аст ва натоиҷи он низ барои мардум мунташир хоҳад шуд, ҳамчунин бо таваҷҷуҳ ба инки мавзӯи амнияти равонии ҷомеа ва саломати мардум аз аввлавиятҳои кишвар маҳсуб мешавад, бо афрод ва ё гурӯҳҳое, ки мусаббиби ин ҳаводис будаанд, мумошот нахоҳад шуд. Мақоми муаззами раҳбарӣ низ дар ин хусус хотир нишон карданд: "Ҳама бидонанд агар касоне ба унвони авомили ин ҷиноят шиносоӣ ва маҳкум шаванд, ҳеҷ афв дар мавриди онҳо нахоҳад буд, зеро бояд ба ашадди муҷозот бирасанд то мояи ибрати дигарон шавад."

 

 

Барчасп