Покистон: Нахуствазири Исроил террорист аст
(last modified Sun, 21 Jul 2024 07:30:01 GMT )
Июл 21, 2024 12:30 Asia/Dushanbe
  •  Покистон: Нахуствазири Исроил террорист аст

Давлати Покистон эълом кард, ки Бинёмин Натанёҳу, нахуствазири режими саҳюнистӣ «террорист» аст.

Ба гузориши хабаргузории Меҳр ба нақл аз рӯзномаи покистонии Дон ниюс, давлати Покистон тасмим гирифт то Бинёмин Натанёҳу, нахуствазири режими саҳюнистиро ба унвони «террорист» шиносоӣ кунад ва аз ҷомеаи байналмилалӣ низ хост ҳамин корро анҷом диҳанд.

 Бар асоси ин гузориш, Раъно Саноуллоҳ, мушовири Шаҳбоз Шариф-нахуствазири Покистон дар умури сиёсӣ аз тавофуқ бо ҳизби Таҳрики Лаббайки Покистон (tlp) дар бораи террорист номида шудани кобинаи ишғолгарони Қудс ва Натанёҳу хабар дод.

  Покистон яке аз кишварҳои мусулмони ҳомии Фаластин аст ва аз ибтидои оғози ҷиноёти саҳюнистҳо алайҳи мардуми Ғазза аз ҳафтуми октябри 2023 то алон, ҳамвора чӣ дар ҷомеаи байналмилалӣ ва чӣ дар дохили Покистон борҳо ҳимояти ҳамаҷонибаи мардум ва давлати ин кишвар аз ҳаққи мусаллами фаластиниён дар пасгирии сарзамини худро эълом кардаанд.