Толибон: Мавзӯи ҳаққобаи Эрон аз роҳи гуфтугӯ қобили ҳал аст
Вазири энержӣ ва оби давлати муваққати Толибони Афғонистон бар ҳалли мавзӯи ҳаққобаи Эрон аз роҳи гуфтугӯ ва мутобиқат бо муоҳидаи соли 1972 таъкид кард.
Бар асоси Муоҳидаи Ҳирманд, ки дар соли 1972 (1351 ҳиҷрии шамсӣ) ба имзои мақомоти вақти Эрон ва Афғонистон расид, саҳми Эрон аз оби рӯдхонаи Ҳирманд муодили 820 миллион метри мукааб дар сол ва дар ҳудуди 26 метри мукааб дар сония аст, ки албатта дар моҳҳову фаслҳои мухталиф тафовут мекунад.
Аммо ин муоҳида ҳанӯз иҷро нашуда ва бо рӯи кор омадани давлати муваққати Толибон дар Афғонистон аз 15 августи соли 2021 ин давлат бар пойбандӣ ба Муоҳидаи Ҳирманд дар хусуси ҳаққобаи Эрон таъкид кардааст.
Ба гузориши ИРНА, Абдуллатиф Мансур, вазири энержӣ ва оби давлати муваққати Толибони Афғонистон дар гуфтугӯи вижа бо “Тулуъ-нюс” гуфт: Масъалаи об набояд сиёсӣ шавад ва ниёз аст аз ҳар гуна суханони таҳрикомез худдорӣ шавад.