Июн 28, 2023 20:26 Asia/Dushanbe
  • Баррасии ҳамкориҳои Қазоқистон ва Қирғизистон
    Баррасии ҳамкориҳои Қазоқистон ва Қирғизистон

Раиси маҷлиси Қирғизистон ва раиси ҷумҳурии Қазоқистон дар дидор бо якдигар дар хусуси густариши равобити дуҷониба, аз ҷумла иқтисодӣ тавофуқ карданд.

Ба гузориши хабаргузории “Форс”, Нурланбек Шокиев, раиси порлумони Қирғизистон имрӯз - чаҳоршанбе дар сафаре расмӣ ба Қазоқистон бо Қосим Ҷоомарт Тоқаев, раиси ҷумҳурии ин кишвар дидор ва дар мавриди густариши ҳамкориҳо дар заминаҳои мухталиф гуфтугӯ кард.

Шокиев гуфт, тарафи Қирғизистон алоқаманд ба тавсеаи равобит бо Қазоқистон аст ва бар аҳамияти дипломатияи порлумонӣ дар тақвияти равобити дуҷониба таъкид кард.

Раиси маҷлиси Қирғизистон ҳамчунин ба мавзуоти ҳамкориҳои иқтисодӣ пардохт ва бар иҷрои вазоиф барои афзоиши ҳаҷми мубодилоти тиҷории ду кишвар ба ду миллиард доллар дар ояндаи наздик таъкид кард.

Тоқаев ҳам дар ин дидор бо ишора ба ин ки равобит байни ду кишвари Қазоқистону Қирғизистон дар солҳои ахир ба таври фаъол тавсеа ёфтааст, таъкид кард, ҳамаи масоил ба суръат аз тариқи музокира ҳаллу фасл мешавад.

 

 

Барчасп