Июл 30, 2023 19:14 Asia/Dushanbe
  • Боздошти нерӯҳои амниятии Толибон ба далели хилофкорӣ нисбат ба азодорони ҳусайнӣ (а)
    Боздошти нерӯҳои амниятии Толибон ба далели хилофкорӣ нисбат ба азодорони ҳусайнӣ (а)

13 нафар аз нерӯҳои амниятии Толибон ба далели бархӯрди номуносиб бо азодорони ҳусайнӣ (а) дар Афғонистон боздошт шуданд.

Расонаҳои Афғонистон рӯзи якшанбе эълом карданд, ки Толибон 13 нафар аз нерӯҳои амниятии худро, ки аз қонун сарпечӣ намуда ва дар айёми муҳаррам музоҳиматҳое дар бархе манотиқи ин шаҳр барои шиаён эҷод карда буданд, ба дархосту шикояти мардум боздошт кардааст.

Маросими азодории даҳаи аввали муҳаррами имсол дар Афғонистон дар бисёре аз вилоятҳо ва шаҳрҳои ин кишвар бо ҳузури густардаи мардум ва ба вижа ҷавонон баргузор шуд.

 

Барчасп