Боздошти нерӯҳои амниятии Толибон ба далели бархӯрди номуносиб бо азодорони ҳусайнӣ
Июл 30, 2023 19:14 Asia/Dushanbe
13 нафар аз нерӯҳои амниятии Толибон ба далели бархӯрди номуносиб бо азодорони ҳусайнӣ (а) дар Афғонистон боздошт шуданд.
Расонаҳои Афғонистон рӯзи якшанбе эълом карданд, ки Толибон 13 нафар аз нерӯҳои амниятии худро, ки аз қонун сарпечӣ намуда ва дар айёми муҳаррам музоҳиматҳое дар бархе манотиқи ин шаҳр барои шиаён эҷод карда буданд, ба дархосту шикояти мардум боздошт кардааст.
Маросими азодории даҳаи аввали муҳаррами имсол дар Афғонистон дар бисёре аз вилоятҳо ва шаҳрҳои ин кишвар бо ҳузури густардаи мардум ва ба вижа ҷавонон баргузор шуд.
Барчасп