Август 05, 2023 15:56 Asia/Dushanbe
  • Таҳлил: Таъкиди Эрон бар риояти комили ҳаққ оба аз рӯдхонаи Ҳирман
    Таҳлил: Таъкиди Эрон бар риояти комили ҳаққ оба аз рӯдхонаи Ҳирман

Дар ҳоле, ки ҳукумати Толибони Афғонистон борҳо бар риояти ҳаққо обаи Эрон бар оби рӯдхонаи Ҳирманд таъкид карда аммо "Алӣ Салоҷиқа" раиси Созмони муҳити зисти Ҷумҳӯрии Исломии Эрон эълом кард, ки Толибон ба ҷои 820 миллион литр фақат 15 миллион литр об ба самти Эрон раҳо кардааст.

Ин дар ҳоле, ки бар асоси муъоҳидаи Ҳирманд, ки дар соли 1972 ба имзои мақомоти вақти Эрон ва Афғонистон расид, саҳми Эрон аз оби рӯдхонаи Ҳирманд муодили 820 миллион метри мукаъаб дар сол ва дар ҳудуди 26 метри мукаъаб дар сония аст, ки албатта дар моҳҳо ва фусули мухталиф тафовут мекунад.

Агарчӣ Толбон дар ду соли ахир, ки муҷаддадан дар Афғонистон ба қудрати бозгаштааст бар иҷрои ин қарордод таъкид мекунад аммо дар амал тамоил баро иҷрои он надошта, ки баёнгари бозии сиёсии Толибон бо қарордод ва даъфалвақт аст. Ин дар ҳоле аст, ки иҷро нашудани қарордоди паёмадҳои зистмуҳити барои ду кишвар Эрон ва Афғонистон ба дунбол дорад.

Коршиноси масоъили Афғонистон дар ин бора мегӯяд: " Хушксоли дар Систону Балучиятони Эрон ба далели нарасидани он на танҳо шароити зист муҳити Эронро дар ҷавори марзҳои Афғонистон ба ҳам мерезад балки манотиқи  марзии Афғонистон ҳами аз табаъоти он дар амон нахоҳад буд Толибон бояд мутаваҷҷеҳ бошанд. ки бо риоят накардана ҳаққ обаи Эрон амалан минтақаро ба самти бӯҳрони зист муҳитӣ пеш мебаранд."

Давлати қабли Афғонистон бо эҳдоси сади " Камолхон" дар устони Нимрӯз бар рӯйи рӯдхонаи Ҳирманд, амалан монеъ аз иҷрои паймони оби миёни Эрон ва Афғонистон шуд, ки хисоратҳои фаровонеро ба зиндагии инсонӣ, ҷонварон ва гиёҳи ҳавзаи пиромуни рӯдхонаи Ҳирманд дар хоки Эрон ба хусус дар устони Систону Балучистон ворид кард. Толибон низ чанд бор дархости баргузории нишаст дар бораи ҳаққ обаи Эрон аз Ҳирмандро рад кардаанд. Дар ин ҳол бо таваҷҷӯҳ ба борандагиҳои рӯзҳои гузашта, ки вориди Ҳирманд шуд нишон медиҳад, ки Толибон ҳусни  нияте барои иҷрои қарордоди обӣ бо Эрон надорад.

Коршиноси масоъили Афғонистон дар ин бора мегӯяд:" Агар Ҳомун хушк шавад резгардҳои марзи нахоҳанд шинохт ва Афғонистонро низ тахриб хоҳанд кард. Хатаре фақат мутаваҷҷеҳи хоки Эрон ба хусус Систон ва Балучистон ва Хуросн нест. Ончӣ муҳим аст амали Толибон аст, ки бояд аз тариқи таъомули сиёсӣ бо истифода аз мутахасисин ва   афроди маҳалӣ  ва сарони Толибон роҳи ҳали амлиётие пайдо кард. Афғонистон имрӯз ба шиддат ба манофеъи содирот ва воридот аз тариқи Эрон ниёз дорад. Туҷори афғонӣ бо масири Покистон мушкил доранд ва тарҷеҳ медиҳанд содироту воридоти худро аз масири  Чобаҳор анҷом бидиҳанд. канор омадан бо афғонҳо бар сари ин масъала бисёр хуб аст. Масъалаи баъди сухт ва энержи аст. Сухти Эрон ба Афғонистон ба шакли қочоқи меравад ва пули он ба ҷеби давлати Афғонистон намеравад балки ин суд насиби мофиёҳои маҳалӣ ва ғайри маҳалӣ мешавад. Бояд ин мавзӯъ ба шакли расмӣ бо Афғонистон тавофуқ шавад ва масъалаи қочоқи сад шавад."

Дар ҳар ҳол, дар ҳоле, ки сатҳи оби  пушти сад дар тарафи Афғонистон хуб аст Толибон ҳамчунон аз иҷрои муъоҳидаи оби бо Эрон сар боз мезанад. Ин дар ҳоле аст, ки Толибон ҳамвора эълом кардааст, ки дар саддаи тавсиаи ҳамкорӣ бо кишвараҳои ҳамсояи Афғонистон аст аммо дар ин ду  соли ахир талоше дар ҷиҳати ризояти кишварҳои ҳамсоя анҷом надодааст ва бештар ба назар мерасад дунболи равобити як ҷониба аст ва ин навъ робита бидуни  тардид ба нафъи Толибон нест, ки дар саддади  ба расмият шинохтани ҳокимияти байналмиллалии худ бар Афғонистон аст. Зеро яке аз илзомоти ҳокимият дар ҳар кившаре иҷрои таъаҳудоти минтақаӣ ва байналмиллалие аст, ки Толибон то кунун ҳеҷ тамоиле барои амал ба ваъдаҳои худ ва ҳамчунин иҷрои таъаҳудоти ҳокимияти надорад.