Охирин хабарҳо аз зилзилаи Афғонистон
Дафтари устондори ҳукумати Толибон дар Ҳироти Афғонистон эълом кард, замини ларзаҳои имрӯз шанбеи ин вилоят, хисороти ҷонӣ ва молии зиёде барҷо гузоштааст.
Заминларзае бо қудрати 6/3 дараҷа дар миқёси амвоҷи дарунии замин (риштер) қабл аз зуҳри имрӯз (шанбе) манотиқи васиъе аз Афғонистонро ларзонд. Бархе манобе шиддати ин зилзиларо 6/5 риштер эълом кардаанд. Бадунболи он чанд заминларзаи дигар ҳам ин вилоятро ларзонд.
Қудрати ин заминларза ба ҳадде буд, ки дар бахшҳое аз Эрон, Туркманистону Узбекистон ҳам комилан эҳсос шуд.
Сухангӯи волии Толибон дар Ҳироти Афғонистон имрӯз бидӯни ишора ба теъдоди ҷонбохтагон гуфт, даҳҳо захмӣ ба бемористон мунтақил шуданд.
Дар ҳамин ҳол манобе дар бемористони ҳавзавии Ҳирот таъйид кард, токунӯн дастикам чаҳор нафар, аз ҷумла ду кӯдак кушта ва беш аз 100 нафари дигар масдум шуданд.
Гузоришҳо ҳокист зилзила боиси ваҳшати мардуму ҳузури онҳо дар хиёбонҳои Ҳирот шудааст.
Ҳамакнӯн барқ дар тамоми нуқоти шаҳри Ҳирот ҳам бар асари зилзила қатъ шудааст.
Дар фоҷеъаи заминларзаи 6/1 риштерии тобистони соли гузашта дар бахше аз манотиқи шимолии Афғонистон, беш аз ҳазор нафар ҷон бохтанд.