Шаҳрвандони ғайриқонӯнии Узбекистону Тоҷикистон аз Қазоқистон ихроҷ шуданд
(last modified Tue, 10 Oct 2023 05:27:54 GMT )
Октябр 10, 2023 10:27 Asia/Dushanbe
  • Шаҳрвандони ғайриқонӯнии Узбекистону Тоҷикистон аз Қазоқистон ихроҷ шуданд

Дар 6 октябр Идораи хадамоти муҳоҷирати полиси Алмато аз ихроҷи 48 шаҳрванди Тоҷикистону Узбекистон хабар дод.

Полиси Алмаато дар баёнияе эълом кард, ки ҳамаи онҳо дар натиҷаи амалиёте ки аз ибтидои сентябр идома дорад, бо ҳадафи шиносои муҳоҷирони ғайриқонӯнии хориҷии сокини Ҷумҳурии Қазоқистон ва саркӯби каналҳои муҳоҷирати ғайриқонӯнӣ боздошт шудаанд.
Полиси Алмаато  як автобӯсро созмондиҳӣ карда ва ихроҷшудагонро то марзи Узбекистон ҳамроҳӣ кард.
Дар тӯли се рӯзи амалиёт 464 хориҷӣ ба далели нақзи қавонини муҳоҷирати Қазоқистон ба ниҳодҳои қонӯнӣ муаррифӣ шуданд, ки 88 нафар аз онҳо қаблан бо тасмими додгоҳ аз кишвар ихроҷ шудаанд.
237 шаҳрванди хориҷии дигар, ки ҳуҷҷат надоранд дар маркази пазириши DP мустақар шуданд .
Асхат Ботончинов, раиси Идораи хадамоти муҳоҷирати полиси шаҳри Алмаато гуфт : Дар айни ҳол иқдомоти идорӣ алайҳи 128 нафар аз афроди даъваткунанда аз миёни ҳамватанонамон, ки иқомати қонӯнии хориҷиҳо дар Ҷумҳурии Қазоқистонро тазмин накардаанд, анҷом шудааст.