Октябр 15, 2023 17:38 Asia/Dushanbe
  • Тавсеаи гардишгарии Эрону Узбекистон меҳвари музокироти Зарғомӣ дар Тошканд ва Самарқанд

Муовини гардишгарии вазорати мироси фарҳангӣ, гардишгарӣ ва саноати дастии Эрон гуфт, бо таваҷҷуҳ ба пайвандҳои фарҳангии таърихии Эрону Узбекистон, дидори вазирони гардишгарии ду кишвар фурсати муғтанаме барои баррасии роҳҳои тавсеаи равобити гардишгарии ду миллат аст.

Алиасғари Шолбофиён, муовини гардишгарии вазорати мироси фарҳангӣ, гардишгарӣ ва саноати дастии Эрон, ки ба Тошканд, пойтахти Узбекистон сафар кардааст, дар гуфтугӯ бо ИРНА афзуд, дар 25-умин иҷлоси Маҷмаи умумии Созмони ҷаҳонии гардишгарӣ (UNWTO), ки дар шаҳри Самарқанд баргузор мешавад, рӯйдоди бартарин рӯстоҳои ҷаҳонии гардишгарӣ баргузор ва ҳамчунин дар хилоли ин нишастҳои расмӣ, дидорҳои расмии ду ва чандҷониба дар сатҳи вазирони гардишгарии кишварҳои узв анҷом хоҳад шуд.

Саид Иззатуллоҳи Зарғомӣ, вазири мироси фарҳангӣ, гардишгарӣ ва саноати дастии Эрон барои ширкат дар 25-умин Маҷмаи умумии Созмони ҷаҳонии гардишгарии имрӯз (якшанбе) ба Узбекистон сафар кард.

 

Барчасп