Июл 06, 2024 12:13 Asia/Dushanbe
  • Беасар шудани нақшаи табаддулоти хушунатбор дар Қирғизистон

Кумитаи амнияти миллии Қирғизистон эълом кард, талош барои як табаддулоти хушунатбор дар ин кишварро беасар кардааст.

 Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон, ки масъули муқобила бо терроризм ва муқобила бо ҷиноятҳои созмонёфта дар ин кишвар аст, эълом кард: Неруҳои вежа монеъ аз талош барои ба даст гирифтани қудрат дар Қирғизистон шудаанд.

 Ҳамчунин дар ин баёния омадааст: Фаъолиятҳои ғайриқонунии як гурӯҳи вайронгар, ки бо созмондеҳии шӯришҳои ҷамъӣ ҳамроҳ бо марги шаҳрвандон барои тасарруфи хушунатомези қудрат ва бесубот кардани авзоъи сиёсӣ-иҷтимоии кишвар барномарезӣ мекарданд, саркӯб шуд.

 Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон бо ишора ба инки ин гурӯҳ муташаккил аз ҳомиёни эдеялогияҳои ҷинояткорона ва ифротгароёни мазҳаби будааст, афзуд: Неруҳои амниятӣ то кунун чаҳор шаҳрванд қирқизро боздошт кардаанд, ки қитъаҳои бомбаҳои дастсоз, силоҳ, муҳиммот, дастгоҳҳои иртиботӣ, либосҳои зиддигулула, формаи низомӣ, паҳпод ва дигар чизҳои мамнуъа аз хонаҳо ва худравҳои гумонбарон кашф шуда ва таҳқиқот идома дорад.

 Ду табаддулоти дигар низ дар моҳи июни 2023 ва январи 2024 дар Қирғизистон беасар шуда буд.

 

Барчасп