Футболи духтарони навҷавони КАФА дар Душанбе;
Имрӯз Эрон - Тоҷикистон барои тасбити ноиб- қаҳрамонӣ
Севумин давраи мусобиқоти футболи духтарони камтар аз 17 соли Осиёи марказӣ - КАФА 2025 – имрӯз дар Душанбеи Тоҷикистон ба поён мерасад.
Ба гузориши гурӯҳи варзиши хабаргузории Садо ва Симо, дар ин рақобатҳо 4 тим ҳузур ёфтанд, ки ба сурати давраӣ рақобат карданд. Барномаи рӯзи севуми мусобиқот ба ин шарҳ аст:
* барнома - шанбе 18 исфанд (8 март):
Узбакистон - Қирғизистон
Тоҷикистон - Эрон (соат 13:30)
- тими духтарони Эрон пеш аз ин бо як гол аз тими Узбакистон шикаст хӯрд ва бо 2 гол тими Қирғизистонро бурд.
Тими Узбакистон бо 6 имтиёз дар садр аст ва тимҳои Эрон ва Қирғизистон бо 3 имтиёз дувум ва севум ҳастанд ва тими Тоҷикистон бидуни имтиёз дар радаи чаҳорум қарор гирифт.
- дар давраи қабл дар соли 2024 тимҳои Эрон, Узбакистон ва Қирғизистон дар радаҳои аввал то севум қарор гирифтанд.
- дар Ҷоми духтарони навҷавони КАФА, ки аз соли 2022 собиқаи баргузорӣ дорад, тими Эрон бо 2 қаҳрамонӣ рекорддор аст ва тимҳои Узбакистон бо ду ноиб-қаҳрамонӣ дувум ва Қирғизистон бо ду мақоми севумӣ дар радаи севум ҳастанд.