Истиқбол аз ифтихорофаринони Бозиҳои олимпӣ дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе
Барандагони Бозиҳои олимпӣ дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ба гармӣ истиқбол шуданд.
Алоқамандону дӯстдорони варзиши Тоҷикистон дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе аз тими миллии Тоҷикистон, ки аз Бозиҳои олимпии 2024 Порис бо дастовардҳои олимпӣ ба кишвар бозгаштанд, бо рӯҳияи боло ва эҳсоси гарми меҳанпарастӣ истиқбол карданд.
Дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе, варзишкорони муваффақ мавриди истиқболи гарми Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, роҳбарияти Кумитаи ҷавонон ва варзиш, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, Федератсияи ҷудои Тоҷикистон ва соири масъулони варзиши кишвар қарор гирифтанд.
Тими олимпии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Бозиҳои олимпии Порис 2024 муваффақ ба касби се медоли брунз шуд. Ду медолро Сомон Маҳмадбеков дар вазни 81 килограм ва Темур Раҳимов дар вазни 100 + килограм ва сеюмин медолро Давлат Болтаев, муштзани тоҷикистонӣ дар вазни 92 килограм ба даст овараданд. Ҳамчунин имрӯз соати 19 : 30 дар «Амфитеатр»-и шаҳри Душанбе барномаи фарҳангӣ ба муносибат истиқбол аз барандагони бозиҳои олимпӣ баргузор мешавад.