Имзои қарордодҳои кумаки молии Бонки тавсеаи Осиёӣ ба Тоҷикистон
Тафоҳумномаҳои кумаки молии байни ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки тавсеаи Осиёӣ дар мавриди проекти "Воситаҳои пойдор барои зиндагӣ ва густариши ҳуқуқ ва фурсатҳои занони рустоӣ" ва таъмини молии изофии проекти "Хадамоти якпорча барои модарон ва кӯдакон" имзо шуд.
Ба гузориши Ховар, ин қарордодҳо дар 23 август тавассути Файзуддин Қаҳҳорзода-вазири молияи ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шени Кембел- намояндаи доими Бонки тавсеаи Осиёӣ дар Тоҷикистон имзо шуд.
Хароҷоти ин барнома 17.5 миллион доллар ва эътибори изофии тарҳи «Хадамоти якпорча барои модар ва кӯдак» 30 миллион доллар аст, ки ба таври комил тавассути кумакҳои молии Бонки тавсеаи Осиёӣ таъмин мешавад.
Ҳадаф аз тарҳ "Воситаҳои пойдор барои зиндагӣ ва густариши ҳуқуқ ва фурсатҳои занони рустоӣ" афзоиши маҳоратҳо, мутолиаи фановарии навини тавлид, навоварӣ ва тақвияти тавоноии ба рӯзрасони системаи тавзеъи иттилооти марбут ба омӯзиши кишоварзӣ ба занони рустоӣ аст.
Ҳадафи аслӣ аз таъмини молии изофии проекти "Хадамоти якпорча барои модар ва кӯдак" беҳбуди ироаи хадамоти бокайфият барои саломати модар ва кӯдак дар манотиқи зери ҳадафи проект, барӯзрасонӣ ва таҷҳизи бемористонҳо ва марокизи беҳдоштӣ ва дармонӣ аст.