Русия ва Тоҷикистон сохтмони боз 5 мактаби дигариро ба нақша гирифтаанд
(last modified Wed, 18 Sep 2024 07:04:16 GMT )
Сентябр 18, 2024 12:04 Asia/Dushanbe
  • Русия ва Тоҷикистон сохтмони боз 5 мактаби дигариро ба нақша гирифтаанд

Русия ва Тоҷикистон сохтмони боз 5 мактаби дигари русӣ-тоҷикиро дар қаламрави Тоҷикистон ба нақша гирифтаанд.

Дар назар аст, ки ин мактабҳо то соли хониши 2030 аз ҳисоби буҷаи Русия бунёд шаванд.

Ба навиштаи сомонаи pressa.tj, қаблан аз ҷониби Русия панҷ мактаб дар шаҳрҳои  Душанбе, Хуҷанд, Кӯлоб, Бохтар ва Турсунзода сохта ва мавриди истифода қарор гирифтанд. Ҳоло дар ин мактабҳо 5,7 ҳазор хонанда таҳсил мекунанд.

Ба навиштаи манбаъ, ин мактабҳо 1 сентябри соли 2022 аз ҷониби сарони кишварҳои Тоҷикистону Русия тариқи маҷозӣ ифтитоҳ шуданд. Русия барои сохтмони онҳо ҳудуди 150 миллион доллар сармоягузорӣ кардааст.

Тибқи иттилои расмӣ, айни замон дар Тоҷикистон 43 мактаби русӣ фаъолият дошта, илова бар ин, дар 152 мактаби кишвар синфҳои русӣ мавҷуданд.