Нишасти мушовараии вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ва Русия баргузор шуд
18 ноябр дар шаҳри Маскваи Федератсияи Русия ҷаласаи мушовараи вазоратҳои корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия баргузор шуд.
Ба гузориши сомонаи Ховар, ба нақл аз Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Дар ҷаласа иброз гардид, ки ҳамкории мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия тақвият меёбад.
Вобаста ба андешидани тадбирҳо дар самти такмил додани ҳамкорӣ байни воҳидҳои тафтишотии вазоратҳои корҳои дохилии ҳарду ҷониб, пешгирӣ, муайян ва ошкор кардани ҷиноятҳо вобаста ба гардиши ғайриқонунии маводи нашъадор, инчунин омодасозӣ ва баланд бардоштани иқтидори кадрҳо таклифҳои судманд пешниҳод шуданд.
Дар идомаи ҷаласа нақшаи кори вазоратҳои корҳои дохилии Тоҷикистон ва Русия барои соли 2025 тасдиқ гардида, қарорҳои дахлдор қабул шуданд.
Инчунин дар ҷаласа нақшаи ҳамкорӣ оид ба мубориза бар зидди ҷиноятҳои фаромиллӣ, мубодилаи иттилоот ва дигар масъалаҳои мубрам мавриди муҳокима қарор гирифтанд.