Январ 22, 2017 12:35 Asia/Dushanbe
  • Ҳайати мухолифони сурӣ вориди  Остона шуд

Ҳайати мухолифони сурӣ барои ширкат дар музокироти сулҳ, вориди Остонаи Қазоқистон шуд.

Ба гузориши хабаргузории Спутник, Ануар Жайноков-сухангӯи вазорати умури хориҷаи Қазоқистон рӯзи якшанбе гуфт, вуруди ҳайати мухолифони суриро ба Остона таъйид мекунад.

Вай афзуд, намояндагони давлати Сурия баъдан ворид хоҳад шуд.

Вай гуфт, Стеффан де Мистура-намояндаи вижаи Созмони Милали Муттаҳид дар умури Сурия низ вориди Остона шудааст.

Намояндагоне аз Русия, Эрон ва Туркия низ пештар вориди Остона шудаанд.

Музокироти сулҳи Сурия, рӯзҳои 23 ва 24 январ дар Остонаи Қазоқистон баргузор мешавад.

Ин музокирот, ки дар чорчӯби тавофуқи Эрон, Русия ва Туркия ва бо ҳузури намояндагони давлати Сурия, мухолифон ва мушорикати намояндаи СММ баргузор хоҳад шуд, нақши муҳим ва таъсиргузор дар дастёбӣ ба оташбас ва поён ёфтани ҷанг ва терроризм дар минтақа хоҳад дошт.

Оташи ҷанг шаш сол аст, ки дар Сурия забона мекашад ва ҳамчунон қурбонӣ мегирад.

 

 

Барчасп