Иртибототи рейлӣ байни Узбакистон ва Тоҷикистон аз сар гирифта мешавад
(last modified Sat, 25 Feb 2017 13:10:52 GMT )
Феврал 25, 2017 18:10 Asia/Dushanbe
  • Иртибототи рейлӣ байни Узбакистон ва Тоҷикистон аз сар гирифта мешавад

Узбакистон хостори аз саргири фаъолият қаторҳои борӣ ва мусофири дар масири Тошканд - Душанбе шуд.

Ҳасануддин Ҳосилов, намояндаи Ширкати Роҳи оҳани Узбакистон гуфт, аз саргирии ҳаракати қаторҳои мусофирбарӣ аз тариқи хатти роҳи оҳани Амузанг- Ғалаба ба Тоҷикистон тавҷеҳи иқтисодӣ надорад.

Вай идома дод, ҳаракати қатори мусофирбарӣ дар ин масир ба сарфа нест ва давлати Тошканд бояд қаторҳои бориро низ дар ин хат роҳандозӣ кунад.

Ҳосилов афзуд, пешниҳоди Тошканд ба Душанбе, роҳандозии қаторҳои борӣ ва мусофирбарӣ аст.

Ин мақоми Роҳи оҳани Узбакистон гуфт, ин пешниҳод ба давлати Тоҷикистон эълом шуда, вале ҳанӯз аз тарафи ин кишвар ҷавобе дарёфт нашудааст.

Ин дар ҳоле аст, ки ҳаракати қаторҳо дар масири Амузанг – Ғалаба, аз моҳи ноябри соли 2011 мелодӣ қатъ шудааст. Давлати Узбакистон ин хати роҳи оҳанро ба далели фарсудагии он барчид.

Пештар эълом шудааст, ки дар ояндаи наздик 2 кишвар, ҳаракати қаторҳо дар масири муттасилкунандаи бахши марказии Узбакистон бо минтақаи Фарғона, бо убур аз хоки Тоҷикистонро низ аз сар мегиранд, ки аз саргирии ҳаракати қаторҳо дар ин масир ба нафъи Душанбе ва Тошканд аст.

Равобит байни ин 2 кишвар пас аз марги Ислом Каримов, нахустин раиси ҷумҳури Узбакистон дар ҳоли беҳбуд аст. Шавкат Мирзёев, раисиҷумҳури ҷадиди ин кишвар, барои беҳбуди равобит бо кишварҳои ҳамсоя, аз ҷумла Тоҷикистон талош мекунад.