Мухолифати Қазоқистон бо сиёсӣ шудани Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ
(last modified Wed, 12 Apr 2017 08:05:13 GMT )
Апрел 12, 2017 13:05 Asia/Dushanbe
  • Назарбоев: СПАД барои ҳалли мушкилоти минтақаӣ созмондиҳӣ шудааст ва аз ин рӯ Остона бо сиёсӣ кардани он мухолиф аст.
    Назарбоев: СПАД барои ҳалли мушкилоти минтақаӣ созмондиҳӣ шудааст ва аз ин рӯ Остона бо сиёсӣ кардани он мухолиф аст.

Раиси ҷумҳурии Қазоқистон аз мухолифати кишвараш бо ҳар гуна иқдоми сиёсӣ дар Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ (СПАД) хабар дод.

Ба гузориши хабаргузории “Форс”, Нурсултон Назарбоев рӯзи сешанбе дар суханоне ба муносибати солгарди таъсиси СПАД гуфт, ин созмон барои ҳалли мушкилоти минтақаӣ ва хатарҳои амниятие, ки кишварҳои минтақаро таҳдид мекунад, созмондиҳӣ шудааст ва аз ин рӯ Остона бо сиёсӣ кардани СПАД мухолиф аст.

Вай ҳамчунин бо ишора ба тафовути СПАД бо Созмони Паймони Атлантикаи Шимолӣ (НАТО) гуфт, дар фаъолияти ин ду созмон ҳеч шабоҳате дида намешавад. Зеро НАТО дар замони ҷанги сард барои мубориза бо коммунизм эҷод шуд ва ҳадафҳои сиёсии хоси худро дорад, аммо СПАД чунин ҳадафҳоеро дунбол намекунад.

СПАД дар соли 1992 ва бо мушорикати кишварҳои Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон , Русия, Тоҷикистон, Ӯзбакистон, ҷумҳурии Озарбойҷон ва Гурҷистон ташкил шуд, аммо дар солҳои баъдӣ кишварҳои Гурҷистон, Озарбойҷон ва Ӯзбакистон аз он ҷудо шуданд.

Раиси ҷумҳурии Қазоқистон рўзи сешанбе ҳамчунин бо ишора ба хатари густариши терроризм дар минтақа гуфт, шаҳрвандони Қазоқистон, ки ба гурӯҳи террористии ДИИШ бипайванданд, тобеияти ин кишвар аз онон гирифта хоҳад шуд.

Раиси ҷумҳурии Қазоқистон таъкид кард, давлат иқдомоти пешгиронае дар бораи афроде, ки аз ДИИШ ҷудо шудаву ба Қазоқистон бозгаштаанд, анҷом дода, аммо ин иқдомот натиҷабахш набуд ва ба ҳамин сабаб тасмим бар он шуд, ки роҳи бозгашти ин афрод ба кишвар баста шавад.

Ба гуфтаи Назарбоев, панҷсад то шашсад нафар аз мардуми Қазоқистон ба гурӯҳҳои террористӣ, аз ҷумла ДИИШ пайвастаанд.