Июн 03, 2017 15:08 Asia/Dushanbe
  • Иқтисоди Қазоқистон бар Русия пешӣ гирифт

Қазоқистон дар рутбабандии беҳтарин иқтисодҳои ҷаҳон, ки аз тарафи Муассисаи байналмилалии тавсеаи Швейтсария мунташир шуда, аз назари зарфияти рақобати иқтисодӣ гӯйи сибқатро аз Русия рабуд.

Ба гузориши хабаргузории “Форс”, дастандаркорони ин рутбабандӣ зарфияти рақобати иқтисодҳои кишварҳоро бар асоси 20 шохисе ҳамчун саҳми иқтисоди кишвар дар тавлиди нохолиси ҷаҳонӣ, қимати бензин, нархи молиёт, нархи сармоя, шаффофияти сиёсати давлатӣ ва пазириши фарҳанги миллӣ барои идеяҳои хориҷӣ арзёбӣ мекунад.

 Бар асоси ин рутбабандӣ Қазоқистон мавқеияти худро ба хубӣ беҳбуд дода ва аз ҷойгоҳи 47 ба ҷойгоҳи 32 боло рафтааст.

Дар ин рутбабандӣ 63 кишвари ҷаҳон ҳузур доранд ва мавқеияти Русия аз ҷойгоҳи 44 ба ҷойгоҳи 46 нузул кардааст.

Ҳонконг барои дувумин сол пай дар пай дар ҷойгоҳи аввали ин рутбабандӣ қарор гирифт ва пас аз он Швейтсария, Сингапур, Амрико ва Нидерланд қарор гирифтаанд.

 

Барчасп