Июн 10, 2017 13:46 Asia/Dushanbe
  • “Туркистон” беҳтарин шаҳри торихии кишварҳои ИДМ шинохта шуд

Туркистон дар Қазоқистон беҳтарин шаҳри торихии кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил шинохта шуд.

Ба гузориши хабаргузории “Форс”, ба нақл аз пажӯҳиши суратгирифта дар Ожонси таҳлилии “Турстат”, Туркистони Қазоқистон дар байни 10 шаҳри торихии кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) мақоми аввалро касб кардааст.

Бар асоси ин рутбабандӣ баъд аз шаҳри Туркистон дар Қазоқистон, Самарқанду Бухоро дар Ӯзбакистон ба тартиб мақомҳои дувуму савумро аз они худ карданд.

Ҳамчунин маъруфтарин шаҳрҳои бостонӣ дар кишварҳои ИДМ шаҳрҳои Хуҷанди Тоҷикистон, Торози Қазоқистон, Ганҷаи Озарбойҷон, Витебски Беларус, Хеваи Ӯзбакистон, Гюмрии Арманистон ва Марви Туркманистон сабт шуданд.

Бар асоси ин пажӯҳиш, солона беш аз як миллион гардишгар аз Туркистон боздид мекунанд.

 

Барчасп