Баргузории намози иди саиди Фитр дар Қазоқистон
Мусулмонони ҷумҳурии Қазоқистон пас аз як моҳ рӯзадорӣ, намози иди саиди Фитрро бо шукуҳи хосса баргузор карданд.
Ба гузориши хабаргузории Садо ва симои Эрон, мусулмонони ҷумҳурии Қазоқистон аз авоили бомдоди имрӯз (якшанбе) бо ташкили сафҳои фишурда дар масоҷиди манотиқи мухталифи ин кишвар, намози иди саиди Фитрро баргузор карданд.
Ҳамасола пас аз поёни моҳи мубораки Рамазон мусулмонони Қазоқистон фарорасидани иди саиди Фитрро ҷашн мегиранд ва намози иди Фитрро дар масоҷиди аслии шаҳрҳои Қазоқистон бар по медоранд.
Гуфтанист, иди саиди Фитр дар Қазоқистон таътил нест, вале се рӯз гиромӣ дошта мешавад.
Гузориши дигаре аз ин манбаъ ҳокист, Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон низ фардо (душанбе)-ро рӯзи иди саиди Фитр дар ин кишвар эълом кард.