Июн 28, 2017 18:17 Asia/Dushanbe
  • Чин ва Қирғизистон размоиши низомии зиддитеррористӣ баргузор карданд

Марзбонони Чин ва Қирғизистон дар минтақаи худмухтори Синзян размоиши зиддитеррористии муштарак баргузор карданд.

Ба иттилои Форс, манёври мазкур таҳти унвони “Тин‌шон-3-2017” дар чорчуби Созмони ҳамкории Шанҳай баргузор шуд, ки кишварҳои узви ин созмон аз ҷумла Чин, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Тоҷикистон ва Узбакистон ба унвони нозирони ин размоиш дар минтақа ҳузур доштанд .

Дар маҷмуъ дар ин размоиши зиддитеррористӣ 700 нигаҳбони марзӣ ва мошини зиреҳпуши низомӣ ширкат доштанд .

Сарлашкар Чин Дино, раиси идораи марзии Чин дар бораи ин размоиш гуфт: Дар ин размоиш, террористҳои сохтагӣ дар талош барои интиқоли силоҳ аз Қирғизистон ба Чин буданд, ки нерӯҳои марзӣ иқдомоте муштарак аъм аз бозрасии гузаргоҳҳои марзӣ, ҷилавгирӣ аз ҳамалоти террористӣ, таъқибу боздошти террористҳо дар манотиқи кӯҳистонӣ ва ҳамчунин аз байн бурдани пойгоҳҳои террористии онон анҷом доданд .

Ванг Киан, дастёри вазири амнияти умумии Чин таъкид кард: Ин размоиш сатҳи болои ҳамоҳангии иқдомоти кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанҳай ва тааҳҳуди устувори ононро дар мубориза бо терроризм, ҷудоиталабӣ ва ифротгароӣ нишон дод .