Июл 04, 2017 09:27 Asia/Dushanbe
  • Исрори Атамбоев бар эҷоди пойгоҳи низомии Русия дар марз бо Тоҷикистон

Раисҷумҳури Қирғизистон, ки то поёни даврони масъулияташ дар ин симмат чанд моҳе бештар боқӣ намондааст, бори дигар бар зарурати эҷоди пойгоҳи ҷадиди низомии Русия дар марзи ин кишвар бо Тоҷикистон дар водии Фарғона таъкид кард.

Ба иттилои сайти Stan Radar, Алмазбек Атамбоев, иллати ин дархостро афзоиши таҳаррукоти гурӯҳҳои террористӣ дар Афғонистон ва тардид дар мавриди тавоноиҳои Тоҷикистон барои муқобила бо ин таҳдидот унвон кардааст .

Ин дар ҳолест, ки пойгоҳи ҳавоии Кант дар Қирғизистон ва пойгоҳи низомии 201 артиши Русия дар Тоҷикистон дар чорчуби нерӯҳои Созмони паймони амнияти ҷамъӣ мутааҳҳид ба дифоъ аз марзҳои Тоҷикистон дар баробари ҳар навъ ҳамалоти гурӯҳҳои террористӣ аз шимоли Афғонистон аст .

Вале Александр Князев, коршиноси русии масоили Осиёи Марказӣ муътақид аст, ки Русия барои истиқрори пойгоҳи ҷадиди низомии артиши хеш дар марзи муштараки Қирғизистон бо Тоҷикистон тамоюл надорад ва вуҷуди ду пойгоҳи ҳавоии Кант ва 201-ро барои дифоъ аз амнияти минтақа дар баробари таҳдидоти гурӯҳҳои террористӣ аз шимоли Афғонистон кофӣ медонад .

 

Барчасп