Июл 27, 2017 14:01 Asia/Dushanbe
  • Дархости Қирғизистон аз Русия барои эҷоди пойгоҳи низомӣ наздики марзи Тоҷикистон

Дар ҳоле, ки мақомҳои давлати Бишкек, пойгоҳи низомии Амрикоро таҳдиде барои амнияти Қирғизистон эълом кардаанд, раисҷумҳури ин кишвар аз Русия барои истиқрори пойгоҳи низомӣ даъват кардааст.

Алмазбек Атамбоев, раисҷумҳури Қирғизистон ба далели он чи, ки вазъияти бади амниятӣ дар минтақаи ҳаммарз бо Тоҷикистон хонд, аз Русия хост, дар ин минтақа пойгоҳи низомӣ эҳдос кунад.

Дархости раисҷумҳури Қирғизистон аз Русияро бояд нишондиҳандаи нуфузи низомии Русия дар ин кишвари Осиёи Марказӣ қаламдод кард. Дар муқобил, ин дархост нишондиҳандаи ҳазфи Амрико аз фаъолиятҳои низомӣ дар Қирғизистон аст. Дар воқеъ, изҳороти ахири раисҷумҳури Қирғизистонро метавон ба маънои шикасти сиёсатҳои султагаронаи Амрико дар минтақаи Осиёи Марказӣ қаламдод кард.

Алмазбек Атамбоев таи рӯзҳои ахир дар гуфтугӯ бо хабарнигорон дар Бишкек гуфта буд, пойгоҳи ҳавоии Амрико дар Қирғизистон таҳдиде ҷиддӣ барои амнияти ин кишвар будааст. Вай ҳамчунин бидуни ном бурдан аз кишвари хосе гуфта буд, бархе кишварҳо ба мо ҳушдор дода буданд, ки омодаанд, дар сурати лузум пойгоҳи ҳавоии Амрикоро дар Қирғизистон ҳадафи ҳамлаи мушакӣ қарор диҳанд ва ин шароит то соли 2014 идома дошт, то инки пойгоҳи низомии Амрико барчида шуд. Пеш аз ин Қирғизистон, аз соли 2001 пойгоҳи ҳавоии Манасро ба Амрико иҷора дода буд. Маблағи иҷорабаҳои 200 миллион доллар дар сол таъин шуда буд, бо вуҷуди ин, давлати Бишкек аз соли 2014 аз тамдиди қарордоди пойгоҳи Манас ба Амрико худдорӣ кард .

Воқеият он аст, ки ба рағми гузашти беш аз як даҳа аз истиқрори пойгоҳи низомии Амрико дар Қирғизистон, мақомҳои Амрико натавонистаанд эътимоди раҳбарони давлати Бишкекро ҷалб намоянд.

Дар ин замина ҷуз раисҷумҳури феълии Қирғизистон Аскар Акаев, раисҷумҳури асбақи ин кишвар низ ахиран эълом кард: Амрико дар амалиёти зидди террористии худ ба дунболи ин буд, ки терроризмро дар Осиёи Марказӣ ба абзоре сиёсӣ табдил карда ва аз он истифода кунад.

Дар муқобили ин беэътимодӣ ба Амрико, ба рағми фурупошии Шӯравӣ ва истиқлоли ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ, Русия ҳамчунони дӯсти ин кишварҳо аз ҷумла Қирғизистон боқӣ мондааст. Дар айни ҳол бояд гуфт: Собиқаи ҳузури низомии Амрико дар кишварҳои ҷаҳон чандон матлуб ва муносиб набудааст. Бавижа, ки Амрико дар кишварҳои ҳадаф аз ҷумла Қирғизистон талошҳое ба манзури эҷоди он чи, ки инқилоби рангӣ мехонд, бисёр тамоюл нишон додааст. Ин инқилоб пас аз Гурҷистон муқарар шуда буд, дар Қирғизистон анҷом шавад, аммо бо мушорикати Русия ва бархе аз кишварҳои мустақили минтақа, ба шикаст анҷомид ва Амрико маҷбур шуд, сиёсатҳои худро дар ин кишвари Осиёи Марказӣ тағйир диҳад .