Алифбои Қазоқистон ба лотин тағйир мекунад
(last modified Thu, 27 Jul 2017 12:00:55 GMT )
Июл 27, 2017 17:00 Asia/Dushanbe
  • Алифбои Қазоқистон ба лотин тағйир мекунад

Вазири омӯзиш ва парвариши Қазоқистон аз тағйири алифбои ин кишвар аз сирилӣ ба лотин то авохири имсол хабар дод.

 Ба гузориши радио тоҷикии “Садои Хуросон” ба нақл аз хабаргузории Форс, Ерлан Сагадиев, вазири омӯзиш ва парвариши Қазоқистон дар нишасти хабарӣ дар Остона, гуфт, Комиссияи вежае, ки 13 апрели имсол бо дастури Нурсултон Назарбоев, раисиҷумҳури Қазоқистон таъсис шудааст, барои иҷрои беҳтари ин тағйирот талош мекунад.

  Чанде пеш Назарбоев пешниҳод кард, ки то соли 2025 номгузории ҷодаҳо ва хиёбонҳо дар Қазоқистон ба хатти лотин баргардонда шаванд.

  Бархе аз коршиносон ин иқдомро талоше барои тақвияти фарҳанги қазоқӣ ва фосила гирифтан аз нуфузи Русия унвон мекунанд.

  Давлати Қазоқистон дар мавриди зарурати тағйири алифбои сирилӣ ба лотин, дар соли 2006 мелодӣ тасмимоте гирифта буд.

  Алифбои Қазоқистон тақрибан 80 сол қабл ба ҳуруфи сирилӣ тағйир кард.