Қирғизистон: Эҳтимоли афзоиши ҳамалоти террористӣ
Кумитаи амнияти миллии Қирғизистон аз афзоиши эҳтимоли вуқуи ҳамалоти террористӣ дар ин кишвар, тавассути созмонҳои террористӣ ва ифротгаро хабар дод.
Кумитаи амнияти миллии Қирғизистон аз фаъолияти террористҳо барои анҷоми ҳамалоти террористӣ дар ин кишвар хабар дод ва мардуми ин кишварро ба ҳамкорӣ бо нируҳои амниятӣ даъват кард.
Бар асоси гузориши Кумитаи амнияти миллии Қирғизистон, таҳдидҳои ҷиддӣ аз тарафи созмони террористии байналмилалии “Ҷамоати тавҳид ва ҷиҳод” ба раҳбарии Сироҷиддин Мухторов мебошад, ки додгоҳи ин кишвар раҳбари ин гурӯҳро яке аз омилони ҳамлаи террористӣ ба сафорати Чин дар Бишкек эълом кардааст.
Дар ҳоли ҳозир мақари “Ҷамоати тавҳид ва ҷиҳод” дар Сурия ва Туркия қарор дорад ва ҳадафи онҳо иқдомоти террористӣ дар Осиёи Марказӣ мебошад.
Ҳушдори мақомоти амниятии Қирғизистон дар ҳоле аст, ки дар таърихи 30 августи соли 2016 як ҳамлаи террористӣ дар наздикии сафорати Чин дар Бишкек рух дод, ки бар асари он 3 корманди сафорат маҷрӯҳ шуданд.