Август 27, 2017 23:50 Asia/Dushanbe
  • Нозирони кишварҳои ИДМ барои назорат бар раванди интихобот вориди Қирғизистон шуданд

Комиссиюни марказии интихоботии Қирғизистон аз вуруди нозирони кишварҳои ИДМ ба манзури назорат бар раванди интихоботи раёсати ҷумҳурии ин кишвар ба Бишкек хабар дод.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, ин афрод аз 20 уми сентябр корҳои назоратиро дар Қирғизистон оғоз мекунанд.

 Ниҳодҳои давлатӣ ва ба хусус Комиссиюни марказии интихобот бар маъмурияти кишварҳои ИДМ дар анҷоми фаъолиятҳои назоратӣ дар чорчӯби қавонини Қирғизистон мусоидат мекунанд.

 Интихоботи раёсати ҷумҳурии Қирғизистон дар 15 уми октябри соли 2017 баргузор ва аз 10 уми сентябр фароянди таблиғотии раёсати ҷумҳурӣ оғоз мешавад.

Имрӯз охирин рӯз барои таҳвил додани листҳои имзои тарафдорони номзадҳо аст.

Аз 56 номзади сабтиномшуда фақат 4 кандидат, аз ҷумла Амирбек Бобонов, Темир Сориев, Суронбой Ҷенбеков ва Бокит Торобоев то ба ҳол аз тарафи Комиссиюни марказии интихоботӣ мавриди таъйид қарор гирифтанд.