Кӯмаки созмонҳои мазҳабӣ ва давлатии Қирғизистон ба мусалмонони Миёнмор
Сентябр 12, 2017 14:00 Asia/Dushanbe
Созмонҳои давлатӣ ва мазҳабии Қирғизистон барои кӯмак ба мусалмонони Миёнмор шӯрои ҳамоҳангӣ эҷод кардаанд.
Ба гузориши “СА-нюз”, Бокит Нуриддинов, раиси Конгресси мусалмонони Қирғизистон дар ин конфронси матбуотӣ гуфт, ҷомеаҳоии мусалмонӣ дар мавриди рӯйдодҳое, ки дар Миёнмор иттифоқ меуфтад, нигарон аст.
Нуриддинов афзуд, ба манзури саҳмгузор шудан дар кӯмак ба мусалмонони миёнморӣ созмонҳои мазҳабии Қирғизистон шӯрои ҳамоҳангӣ таъсис карданд, ки ин шӯро аз ҳудуди 10 созмони давлативу ниҳоди мазҳабӣ ташкил шудааст.