Август 16, 2016 10:32 Asia/Dushanbe
  • Мамнуияти бархе шуғлҳо барои муҳоҷирон дар вилояти Новосибирски Русия

Раиси вилояти Новосибирски Русия фармонеро имзо кард, ки барои иштиғоли коргарони муҳоҷири хориҷӣ дар ин минтақа маҳдудиятҳоеро пешбинӣ намудааст.

Ба гузориши "Интерфакс", бар асоси дастури  Владимир Гродетский, фаъолият дар бахшҳои ҳамлу нақл, муҳитбонӣ, сайди моҳӣ, истихроҷи маъдан, фурӯши чӯбу тахта, омӯзиш ва парвариш, маҳди кӯдак, марокизи тавлиди ғизои кӯдакон ва симматҳое ҳамчун муншӣ (котиб), мутарҷим ва ҳисобдор барои муҳоҷирони хориҷӣ  дар вилояти Новосибирск мамнӯъ мешавад.

Раиси вилояти Новосибирски Русия ба корфармоёни рус дастур додааст, ки дар се моҳи оянда барои ҳазфи муҳоҷирони хориҷӣ аз ин шуғлҳо барномарезӣ ва шаҳрвандони Русияро ҷойгузин кунанд.

Вилояти Новосибирски дар шарқи Русия, минтақае санъатӣ ба ҳисоб меояд.

Дар ин вилоят садҳо ҳазор коргари муҳоҷири тоҷикистонӣ дар бахшҳои сохтусоз, мебелсозӣ, кишоварзӣ ва тиҷорат фаъолият мекунанд ва дорои маркази фарҳангӣ ҳастанд.

Теъдоди коргарони муҳоҷири тоҷикистонӣ дар Русия байни якуним то 2 миллион нафар аст, ки маишати наздик ба 80 дарсад аз хонаводаҳои ин кишварро таъмин мекунанд.

 

Барчасп