Октябр 09, 2017 20:40 Asia/Dushanbe
  • Лағви сафари раисҷумҳури Қирғизистон ба Сочии Русия

Раисҷумҳури Қирғизистон сафарашро ба шаҳри Сочии Русия бо ҳадафи ҷилавгирӣ аз ноамнӣ дар кишвараш дар остонаи интихобот, лағв кард.

Ба нақл аз хабаргузории Ирно, Алмазбек Атамбоев қарор буд, ба манзури ширкат дар Иҷлоси ҷомеаи кишварҳои мустақили Ҳамсуд CIS ва Шӯрои иқтисодии Авруосиё ба Русия сафар кунад.

Иҷлоси кишварҳои мустақили Ҳамсуд ва Шӯрои иқтисодии Авруосиё аз 11 октябр дар Сочии Русия ва интихоботи раёсатҷумҳурии Қирғизистон низ 15 октябр баргузор мешавад.

Дафтари матбуотии раёсатҷумҳурии Қирғизистон дар баёнияе ҳушдор дод, ҳақоиқи ошкоре мабнӣ бар эҳтимоли иқдоми иддае аз сиёсатмадорони хос дар эҷоди беназмӣ ва ихтилоли ҷамъӣ дар кишвар вуҷуд дорад .

Ба гузориши ин дафтар, ин афрод бо ҷазби муҷримин ва бизеҳкорон дар тӯли интихобот ва низ ҳимояти молӣ аз хориҷ аз кишвар талош мекунанд, дар тӯли интихобот ихтилол эҷод кунанд .

 

Барчасп