Феврал 25, 2018 18:56 Asia/Dushanbe
  • Сафари нахуствазири Тоҷикистон ба Узбакистон

Қоҳир Расулзода, нахуствазири Тоҷикистон бо ҳадафи ширкат дар Нишасти Комиссияи муштарак дар замина таъин ва аломатгузории марз бо Узбакистон, рӯзи 24 феврал ба шаҳри Фарғона дар Узбакистон сафар кард.

Сафарҳои мақомҳои Узбакистон ба ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ аз ҷумла сафари нахуствазири ин кишвар ба Тоҷикистонро бояд бахше аз барномаи ислоҳоти Шавкат Мирзиёев, раисҷумҳури Узбакистон қаламдод кард.

Дар ростои барномаи ислоҳот иқтисодии Узбакистон, тағйироти умдае дар дохил ва сиёсати хориҷии Узбакистон рух додааст.

Аз ҷумла метавон ба ҳалли мушкилоти марзӣ ва ихтилофҳои давлати Тошканд бо соири ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ ишора кард.

Мушкилоти марзии ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ мероси низоми султаи гузашта яъне низоми мутамаркизи тасмимгирӣ аст.

Сиёсатгузориҳои Кохи Кремл дар қиболи ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ ба гунае буд, ки зимни тақвияти миллигароии ифротӣ, миллатҳои сокин дар ин минтақа барои рафтан аз як русто ба рустои дигар, мебоист аз арози соири ҷумҳуриҳо убур мекарданд.

Баъд аз истиқлоли ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ дар соли 1991, давлатҳои ҳоким бар ин ҷумҳуриҳо зимни барқарории муқаррароти раводид, талош карданд, манотиқи марзиро дар инҳисори худ дошта бошанд.

Дар ин росто, мингузорӣ дар манотиқи марзӣ аз ҷумла мингузории давлати Узбакистон дар марз бо Тоҷикистон, ба як фоҷеаи миллӣ барои давлати Душанбе табдил шуд.

Дар натиҷаи ин иқдоми Узбакистон, илова бар кушта ва захмӣ шудани теъдоде аз атбои Тоҷикистон, далели аслӣ барои тирагии равобити ду кишвари ҳамсоя таи беш аз ду даҳаи гузашта будааст.

Ба назар мерасад, Шавкат Мирзиёев, раисҷумҳури Узбакистон, ки азми худро барои иҷрои барномаи ислоҳоти сиёсӣ ва иқтисодӣ ҷазм кардааст, барои ҳамсояи ҷануби ғарбии худ яъне Тоҷикистон низ барнома дорад.

Ба ҳамин далел, ин эҳтимолро набояд нодида гирифт, ки ихтилофҳои ду кишвари ҳамсоя таи рӯзҳои отӣ ҳал гардад.

Бавижа, ки ноамниҳо дар Узбакистон ва Тоҷикистон ба унвони ду кишваре, ки бо Афғонистон марзи муштараки тӯлонӣ доранд, ҳамкориҳои муштараки ду кишварро зарурӣ ва иҷтинобнопазир менамояд.