Март 04, 2018 09:53 Asia/Dushanbe
  • Қазоқистон Паймони манъи силоҳҳои ҳастаиро имзо кард

Вазорати умури хориҷаи Қазоқистон рӯзи шанбе дар гузорише аз пайвастани ин кишвар ба Паймони манъи силоҳҳои ҳастаӣ, хабар дод.

Ба гузориши ИРНА, Ғайрат Умаров, намояндаи доими Қазоқистон дар Созмони Милал ба намояндагӣ аз кишвараш, ин паймонро имзо кард.

Намояндагони 122 кишвари мухолифи силоҳҳои ҳастаӣ аз ҷумла Эрон, рӯзи ҷумъа 7 июли 2017 дар толори Конфронси шумораи як мақари Созмони Милал дар Ню-Йорк, матни Паймон бино бар манъи комили сохт, озмоиш, тавлид, иктисоб, тамлук, анбошт, интиқол, истифода ва таҳдид ба истифода аз силоҳи ҳастаӣ, таҳти ҳар шароитеро ба тасвиб расонданд.

Режими саҳюнистӣ ва кишварҳои муҷаҳҳаз ба силоҳҳои ҳастаӣ, аз ҷумла Амрико ин раъйгириро таҳрим карданд.

Бар асоси Паймони манъи силоҳҳои ҳастаӣ, кишваре, ки дорандаи силоҳи ҳастаӣ аст ва ба узвияти ин паймон дармеояд, бояд зарродхонаи ҳастаӣ ва тамоми таъсисоти муртабит бо онро тайи як мӯҳлати замонии мушаххас мунҳадим кунад.

Бо Қазоқистон токунун 57 кишвар ин паймонро имзо кардаанд. Панҷ кишвар низ ин паймонро дар парлумони худ ба тасвиб расондаанд.

 

Барчасп