Март 13, 2018 10:51 Asia/Dushanbe
  • Ҳамкории иқтисодии Тоҷикистон ва Узбакистон ба нафъи ду кишвар аст

Мудири бошгоҳи таҳлилии Евразия муътақид аст, густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ ва тиҷории Тоҷикистон ва Узбакистон ба нафъи ин ду кишвар аст.

Ба нақл аз Спутник, Никита Мендкавич бо ишора ба нахустин сафари Шавкат Мирзиёев, раисҷумҳури Узбакистон ба Тоҷикистон ва вогузории маблағи 100 миллион доллар барои кумак ба рушди тиҷорат миёни ин ду кишвар аз сӯи Тошканд гуфтааст, дурнамои равобити Душанбеву Тошканд равшан аст.

Вай муътақид аст, Тоҷикистон бо истифода аз имтиёзоте, ки Узбакистон дар ихтиёри ин кишвар қарор медиҳад, метавонад аз бозори беш аз 30 миллион нафарии ин кишвар истифода кунад.  

Ҳаҷми умумии мубодилоти тиҷории Тоҷикистону Узбакистон соли 2017 ба беш аз 126 миллион доллар расид, ки дар 2015 ин шохис 15 миллион доллар буд.  

Дар дидори Шавкат Мирзиёев ва Эмомалӣ Раҳмон дар Душанбе эълом шуд, ки ду тараф қасд доранд, ҳаҷми умумии мубодилоти тиҷории солонаи ду кишварро ба 1 миллиард доллар бирасонанд.