Март 19, 2018 10:02 Asia/Dushanbe
  • Ифтиттоҳи чаҳор масири ҳаракати автобус миёни Тоҷикистон ва Узбакистон

Имсол бо ифтиттоҳи чаҳор масири ҳаракати автобусҳо миёни Тоҷикистон ва Узбакистон, имкони рафту омади шаҳрвандони ин ду кишвар аз роҳи заминӣ, фароҳам мешавад.

Ба гузориши “Спутник”, бо имзои созишномаи дуҷониба дар бораи барқарории иртиботи заминии байналмилалӣ миёни Душанбе ва Тошканд дар нахустин сафари Шавкат Мирзиёев, раисиҷумҳури Узбакистон ба Тоҷикистон, вазоратҳои ҳамлу нақли ду кишвар барномаи ҳаракати автобусҳоро дар чаҳор масир, ба имзо расондаанд.

Ба гуфтаи Шоҳолам Шоҳваҳобов, муовини ширкати давлатии автобусронии Узбакистон, ду кишвар бар сари роҳандозии ҳаракати автобусҳо дар масири Тирмиз- Душанбе, Тошканд- Хуҷанд, Фарғона – Хуҷанд ва Самарқанд- Панҷакент ба тавофуқ расидаанд ва ба зуддӣ ҷо баҷоии мусофирон дар ин масирҳо, оғоз хоҳад шуд.

То тобистони соли 1992, ки ҳукумати вақти Узбакистон ба баҳонаи оғози ҷанги дохилӣ дар Тоҷикистон ҳаракати автобусҳоро дар ин масирҳо қатъ кард, ҳамарӯза теъдоди зиёде аз шаҳрвандони ин ду кишвар бо истифода аз автобус ҷо баҷо мешуданд.

Ҳамчунин мақомоти ҳамлу нақли Тоҷикистон ва Узбакистон барои аз саргирии парвози ҳавопаймоҳо миёни ду кишвар, ба тавофуқ расидаанд.

Иртиботи ҳавоии Тоҷикистон ва Узбакистон низ аз тобистони соли 1992 қатъ шуда буд, ки дар соли 2017 парвози ҳавопаймоҳо миёни Душанбе – Тошканд, бори дигар оғоз шуд.

Дар пайи сафари Шавкат Мирзиёев, раисиҷумҳури Узбакистон ба Тоҷикистон дар рӯзҳои 9 ва10 март қарор шуд, ки парвози ҳавопаймоҳои мусофирбарӣ миёни шаҳрҳои Душанбе ва Самарқанд ва Душанбе ва Бухоро пас аз 26 сол, азсар гирифта шавад.